Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон Намояндаи нав дар Осиёи Марказиро истиқбол мекунад
Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон Намояндаи нав дар Осиёи Марказиро истиқбол мекунад
Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) бо камоли хушнудӣ таъйин шудани Моҳир Сафарлиро ба ҳайси Намояндаи нав дар Осиёи Марказӣ эълон мекунад. Дар ин вазифа, ӯ ба фаъолияти Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дар Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз шаҳри Алмаато роҳбарӣ хоҳад кард.
Рӯзи 21 январ дар шаҳри Остона, ҷаноби Сафарлӣ эътимодномаҳои худро ба ҷаноби Ержан Ашикбоев, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, супорид ва афзалиятҳои ҳамкориро баррасӣ намуд. Дар рӯзҳои наздик, ӯ мулоқотҳоро бо намояндагони ҳукумат ва шарикон дар саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамкорӣ ва дастгирии гурезагон ва шахсони бешаҳрванд идома хоҳад кард.
Ҷаноби Сафарлӣ зиёда аз 23 сол таҷриба дар соҳаи гуманитарӣ бо Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дорад, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳолатҳои мураккаб ва ҳолатҳои фавқулодда. Пеш аз таъин шуданаш ба Осиёи Марказӣ, ӯ ҳамчун муовини намоянда дар Юнон ва Украина кор кардааст ва қаблан дар Сурия ва Туркия вазифаҳои баланди ҳамоҳангсозии амалиётиро ишғол кардааст.
Дар аввали фаъолияти кории худ, ҷаноби Сафарлӣ дар доираи фаъолияти Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дар Афғонистон, Либия, Украина, Ҷумҳурии Қирғизистон, Либерия ва Озарбойҷон вазифаҳои гуногуни соҳавӣ ва роҳбарикунандаро ишғол намуда, инчунин дар дафтари марказии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дар Женева ба корҳои назоратӣ ва стратегӣ саҳм гузоштааст.
Бо таҷрибаи васеи худ дар амалиётҳои гуманитарӣ ва роҳбарӣ, ҷаноби Сафарлӣ фаъолияти дафтарро дар Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳифз, такмил додани низоми паноҳандагӣ ва ҳалли мушкилоти бешаҳрвандӣ пеш хоҳад бурд.
Ҷаноби Сафарлӣ мегӯяд: «Барои ман шараф аст, ки ин вазифаро дар Осиёи Марказӣ ба уҳда мегирам, минтақае, ки дорои гуногунрангии беназир, фарҳангҳо, ҷомеаҳо ва манзараҳои дилфиреб мебошад ва бо саховатмандии худ ба гурезагон ва роҳбарии худ дар ҳалли мушкилоти бешаҳрвандӣ маъруф аст. Ман интизори ҳамкории зич бо намояндагони ҳукумат, шарикон ва ҷомеа ҳастам, то ба ин пешрафт такя намуда, низомҳои паноҳандагиро таҳким бахшем, фарогириро тақвият диҳем ва барои ҳар як шахс имкони баҳрабардорӣ аз имкониятҳои ҳифозат, ҳуқуқ ва шаҳрвандиро таъмин намоем.»
Ҷаноби Сафарлӣ дорои дараҷаи магистр дар соҳаи ҳуқуқ ва идоракунии давлат, инчунин дараҷаи бакалавр дар соаҳи сиёсатшиносӣ мебошад. Таҳсилоти академии ӯ бо барномаҳои такмили ихтисос дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи башар, ҳуқуқи гуманитарӣ ва пешгирии низоъҳо тақвият шудааст.
Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаато ҷойгир буда, амалиёти худро дар Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон идора мекунад. Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон фаъолияти худро дар ин минтақа пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1993 дар Тоҷикистон ва низоъ дар шимоли Афғонистон, ки боиси овора шудани ҳазорон нафар гардид, оғоз кард. Бо муътадил гардидани вазъ, фаъолияти Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дар Осиёи Марказӣ аз вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ба ҳифозат ва тақвияти иқтидор табдил ёфт.
Осиёи Марказӣ инчунин шумораи зиёди аҳолии бешаҳрвандро дорад, ки асосан натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 мебошад. Бе ҳуҷҷати расмӣ, шахсони бешаҳрванд дар дастрасӣ ба ҳуқуқҳо ва хизматрасониҳои асосӣ, аз ҷумла маориф, тиб, шуғл ва озодии ҳаракат ба монеаҳои зиёд дучор мегарданд.
Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дар минтақа дафтарҳои миллиро дар Бишкек, Қирғизистон ва Душанбе, Тоҷикистон, инчунин захирагоҳи глобалӣ дар Термиз, Ӯзбекистонро дар бар мегирад.