Close sites icon close
Search form

Search for the country site.

Country profile

Country website

Забон: Пайвандгари ҳамгироӣ ва фарогирии гурезагон 

Забон: Пайвандгари ҳамгироӣ ва фарогирии гурезагон 

21 February 2025

21 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ – рӯзе барои эҳтиром аз гуногунии забонҳо ва таблиғи аҳамияти забонҳои модарӣ таҷлил мешавад. Забон беш аз як воситаи муошират аст; он пайвандгар барои ҷомеа, робита ва имконият аст. 

Ҳамгироии маҳаллӣ яке аз афзалияти калидӣ барои UNHCR, Оҷонсии СММ оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар ин ҷо ҷомеаи маҳаллӣ беш аз 22 000 гурезагонро саховатмандона қабул мекунанд. Бисёре аз гурезагон солҳо ва ҳатто даҳсолаҳо дар минтақа буда, бо забонҳои маҳаллӣ ҳарф мезананд ва робитаҳои мустаҳкам бо оилаҳо ва ҷомеа барқарор кардаанд. Забон дар ҳамгироӣ нақши асосиро мебозад ва ба гурезагон ва паноҳҷӯён имкон медиҳад, ки дар муоширати ҳамарӯза иштирок кунанд, ба хидматрасонӣ дастрасӣ пайдо кунанд ва муносибатҳои самаранокбарқарор намоянд ва инчунин ба рушди устувори кишварҳое, ки онҳо дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, саҳм гузоранд. 

UNHCR бо Ҳукуматҳо ва шарикон дар саросари Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ мекунад, аз ҷумла бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Донишгоҳи Назарбоев дар Қазоқистон; Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон; ва ТҶ “Кӯдакон, гурезагон ва шаҳрвандони осебпазир” дар Тоҷикистон – барои гурезагон курсҳои ройгони забономӯзӣ пешниҳод менамоянд, ки он барои таҳкими эътимоднокии онҳо ва ҳамбастагии иҷтимоӣ ва ҳамгироии маҳаллӣ мусоидат мекунад. 

Барои дастгирии гуногунии забонҳо ва баланд бардоштани муоширати дақиқ оид ба масъалаҳои гурезаҳо ва бешаҳрвандӣ дар минтақа, дар Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, дар соли 2025 UNHCR “Роҳнамои терминологияи UNHCR дар Осиёи Марказӣ”-ро бо забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, туркманӣ, узбекӣ, англисӣ ва русӣ нашр кард.